Созмони урупоии тоҷик эъдоми Руҳуллоҳи Замро “душманӣ ба озодии баён” донист

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва веблогнависони тоҷик, ки мақараш дар шаҳри Воршови Лаҳистон аст, эъдоми Руҳуллоҳи Зам, рӯзноманигори мухолиф, муассис ва мудири коноли телегромии Омаднюз (Amad News), тавассути мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кард.

  •  Масъулони ин созмон бо нашри баёния эъдоми журналисти мухолифи эрониро “рафтори ваҳшиёна” дониста, “навъе душманӣ бо озодии баён ва иқдоме барои бим додану хомӯш кардани садоҳои эътироз ва норизоятӣ дар ҷомеъаи ин кишвар” маънидод кардаанд.
  • “Руҳуллоҳи Зам сирфан ба хотири фаъолиятҳои расонаӣ ва рӯзноманигорияш ҳадафи кинатӯзӣ ва муҷозоти худсарона аз сӯи режими худкомаи Ҷумҳурии Исломӣ қарор гирифтааст. Мутаассифона, ин танҳо сӯиқасд ба озодии баён дар Эрон нест.
    Тайи як соли гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони эронӣ сирфан ба хотири истифодаи машрӯъ аз ҳаққу ҳуқуқи инсонии худ ба озодии баён, озодии боварҳо ва ширкат дар эътирозоти густарда боздошт, шиканҷа ва эъдом шудаанд, ки боиси нигаронии шадиди созмонҳо ва гуруҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аст.”, -омадааст, дар баёния.
  • Инчунин масъулини созмон бар он назаранд, ки ин рафтор на бо арзишҳои башарӣ созгор аст ва на бо суннатҳои фарҳангию торихии Эронзамин. Забон ва адаби порсӣ ҳамвора мубаллиғи раводорӣ ва арҷгузорӣ ба сухан аст: “Дарвоқеъ, ҳамин сухан ва суханварӣ ва қаламу қаламкашӣ буда, ки мӯҷиби пойдории Эрон ва ҷомеаҳои форсизабон дар торих шудааст, на низомҳои истибдодӣ ва худкома, ки ҳеч кадом дер напойидаанд ва ба партгоҳи торих сарозер шудаанд”.
  • “Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва веблогнависони тоҷик аз ҳамаи рӯзноманигорон ва созмонҳои расонаии форсизабон мехоҳад, ки ин ҳамлаи аҳриманона ба озодии баёнро маҳкум кунанд ва дар баробари ҳар гуна иқдомоти душманонаи низомҳои худкома бо озодии баён дар ҳарсе кишвари форсизабон, даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва истодагӣ кунанд”, -зикр шудааст, дар охири баёния.
  • Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ дар Эрон журналисти дигарандеш Руҳуллоҳи Замро ба дор овехтанд. Ӯ ҳамагӣ 47 сол дошт ва мақомоти Эрон ӯро бинобар даст доштан ба тазоҳуроти иқтисодии соли 2017 дар ин кишвар ба амал омада айбдор карда буданд. Созмонҳои хориҷӣ ҳукми қатли ӯро ноодилона арзёбӣ карда буданд.

 

The post Созмони урупоии тоҷик эъдоми Руҳуллоҳи Замро “душманӣ ба озодии баён” донист appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.