Speedtest Global Index: Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст”

Бар пояи раддабандии нави Speedtest Global Index, суръати инрнет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Дар арзёбии ин созмон, ки суръати интернети мобилӣ дар 138 кишвари ҷаҳонро таҳқиқ кардааст, Тоҷикистон дар мавқеъи 127-ум қарор гирифтааст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 6 зина болотар аст. Аз рӯи интернети ноқилӣ низ мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуда, байни 170 давлат дар ҷойи 90-ум аст.

Бо ин вуҷуд шикояти корбарон аз сифат ва суръати интернет дар кишвар кам нашудааст. Онҳо мегӯянд, ҳар моҳ 50 ё 100 сомонӣ ва бештар аз он пул медиҳанд, аммо вақти мурур дар Интернет бояд дақиқаҳои зиёд мунтазир шаванд. Баъзан интизорӣ ҳам барҳадар меравад ва на вебсайте боз мешаваду на видеое.

Ба назари бархе аз огоҳони умур дар бозори мухобиротӣ фазое ба вуҷуд омадааст, ки ширкатҳо барои беҳтар кардани суръат ва сифати интернет дасткӯтоҳанд. Сабабаш молиёти зиёд бастани ширкатҳои мобилӣ ва равзанаи ягонаи Интернет аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.