“Спутник” ва КДАМ дар “қазияи махсуми Абдулҳақ” мардумро гул мезананд

  • Манбаъ: “Cпутник”
  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия 

Маводи таҳқиқшаванда

КДАМ имомхатиби ноҳияи Шоҳмансурро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафия” боздошт кард

Яке аз боздоштшудаҳо сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.

MediaMarker

Хабаргузории русии “Спутник” дар ин матлабаш иддиъо кардааст, ки КДАМ домулло Абдулҳақ Обидовро ба ҷурми пайрави салафия буданаш боздошт кардааст. Ростиозмоии он собит месозад, ки:

  • Матлаб моҳиятан вокуниши мақомот ба хабари паҳнкардаи расонаҳои мустақил мебошад.
  • Манбаъи аслии матлаб Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аст, ки дар ин қазия ҷониби манфиатдор буда, ҳамчун манбаъи хабарии беэътимод шинохта шудааст. Вокуниши мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон омода шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ башиддат аз ҷониби  унсурҳои “Фабрикаи ҷавоб”  паҳн мешавад, ки нишонаи корзори иттилоъотии махсус низ буда, барои паст кардани шиддати эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ равона шудааст.
  • “Спутник” дар матлаб ғайримустақим иқрор кардааст, ки ин матлаб вокуниши ҳукуматӣ ба ахбори расонаҳои мустақил мебошад (“Қаблан расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд”).
  • “Спутник” аз номи КДАМ ба домуллои суннатӣ Абдулҳақ Обидови 44-сола иттиҳоми пайрави салафия задааст, аммо ягон далел наовардааст. Вазъи ӯ ва намозгузорони масҷидашро дар боздоштгоҳ, ҳимоятгар доштан ё надоштани ӯро нодида гирифтааст.
  •  Бархилофи талаботи банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” назари гумонбаршуда ё намояндаи қонунии ӯро дар матлаб наовардааст.
  • Расона бархилофи усули воқеъиятнигорӣ дарҷ накардааст, ки кулли имомҳои масоҷид дар Тоҷикистон аз санҷишҳои зиёди Кумитаи дин ва КДАМ мегузаранду Абдулҳақ Обидов низ истисно нест.
  • “Спутник” бархилофи талаботи  моддаи 29-и  Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 4 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз тахмину гумон кор гирифтааст, ки салоҳ нест.
  •  Ин ҳам дар ҳоле, ки  махсуми Абдулҳақ дар доираҳои мазҳабӣ ҳамчун як домуллои суннатии собит дар маҳзаби ҳанафия шинохта шудаасту суханронии ӯ дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки аз сутунҳои аслии мазҳаби ҳанафия маҳсуб мешуд, нишони мақому мартабаи хоса ӯ назди эшонҳои суннатӣ ва домуллоҳои маъруфи ҳанафия мебошад.
  • Бинобар иттилоъи манобеъи МедиаМаркер, Абдулҳақ Обидов  тибқи супориш аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон боздошт шуда, сабаби боздошти ӯ суханронӣ дар ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ мебошад.
  •  Маврид ба зикр аст, ки худи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва 8 тан аз шогирдону наздикони ӯ тули чанд дар чанд моҳи ахир зери фишори мақомоти маҳаллии КДАМ қарор доштанд. Шогирдони ӯ лату куб шуда, аз онҳо зери фишор наворҳои шаҳодати бардурӯғ бардошта шуда буданду танҳо пас аз шикоят ба президенти Тоҷикистон ин амалиёт қатъ шуд.
  • Бинобар ин хабари “Спутник” матлаби  беэътимод дониста мешавад.

The post “Спутник” ва КДАМ дар “қазияи махсуми Абдулҳақ” мардумро гул мезананд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.