Оғози фаъолияти расмии “Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик”

Имрӯз, 15 уми апрели соли 2019 «Кунгураи урупои хабарнигорон ва блогнависони тоҷик» фаъолияти худро расман оғоз кард.

Талош барои таъмини озодии баён, ҳифзи амалии ҳуқуқҳои журналистон, блогнигорон ва корбарони шабакаи Интернет аз ҳадафҳои аслии Кунгура ба ҳисоб мераванд, ки тавассути таҳия ва амалӣ кардани барномаву стротежиҳои гуногун ва инчунин таъсиси расонаҳои наву дастгирии ВАО мавҷуду блогнигорон роҳандозӣ мегардад.

Кунгура дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалии рӯзноманигорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар барои инкишофи маҳорати касбии рӯзноманигорону блогнависон ва боло бурдани маърифати расонаӣ дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

“Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависон”- ро дар ҳоле роҳандозӣ кардем, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад. Расонаҳои мустақили миллӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, теъдоди чашмраси рӯзноманигору блогнависон ва рӯшанфикрони тоҷик аз кишвар берун рафтанд. Дастрасии мардум, минҷумла садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба иттилооти мустақил мушкил шудан дорад, вале бунёди ҷомеаи озоду адолатнок аз масъулиятшиносон ҳамоно тақозо мекунад, ки дастбакор бошем, – мегӯяд Директори иҷроияи созмон Санҷар Ҳошимӣ.

Тазаккур бояд дод, ки Кунгура аз ҷониби журналистон ва блогнигорони тоҷик таъсис ёфта, дар Ҷумҳурии Лаҳистон тибқи қонунгузории роиҷ дар Иттиҳоди Урупо сабти ном шудааст. Мақоми олии раҳбарии Кунгура, ки созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ мебошад, Раёсати созмон асту мудирияти созмон ба зиммаи Директори иҷроия вогузор шудааст.

Дафтари марказии созмон дар шаҳри Варшов ҷойгир шуда, ифтитоҳи намояндагии доимии он дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

Барнома ва тарҳу сервисҳои гуногуни созмон ба наздикӣ дар хидмати ҷомеа қарор хоҳанд гирифт.
Умедворем, Кунгура бо дастгирии ҳамкасбон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар зина ба зина ба аҳдофи худ ноил гашта, дар рушди журнализми тоҷик ва Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.

Раёсати Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик
15 апрели соли 2019

One thought on “Оғози фаъолияти расмии “Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик”

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.