Столтенберг гуфт, бо Чин “ҳеҷ Ҷанги сарде вуҷуд надорад”

Президенти ИМА Ҷо Байден дар Брюссел дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви НАТО ширкат мекунад. Баъди чор соли раёсатҷумҳурии пуршебу фарози Доналд Трамп сафари Байден ҳамчун аломати барқарор шудани равобити Вашингтон бо ҳамкорони фароантикиаш арзёбӣ мешавад. Байден ва ҳамаи сӣ раҳбари кишварҳои узви ин паймони низомӣ дар ҷаласа ширкат мекунанд.

Як мулоқоти хусусии Байден бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам дар назар аст.

Дар се соли охир, ки раҳбарони кишварҳои узв бо сабаби пандемияи коронавирус бо ҳам гуфтугӯи рӯбарӯ накардаанд, як бастаи масоили доғе ҷамъ шудааст, ки барои баррасии ҳама ҷонибҳо нигаронида шудааст. Дар миёни ин масъалаҳо ҳам Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳо, ҳам Русия ва Чин ва ҳам хароҷоти дифоӣ ёд мешавад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни сӯҳбаташ бо журналистон рӯзи 14-уми июн  гуфт, ки  ҳеҷ Ҷанги сарде бо Чин вуҷуд надорад.  Ӯ гуфт:

“Мо ба аҳди Ҷанги нави сард бо Чин ворид намешавем ва Чин на рақиб ва на душмани мо аст. Вале ба ҳайси як эътилоф мо бояд ба таҳдидҳое, ки Чин ба амнияти мо эҷод мекунад, дар ҳамбастагӣ посух бидиҳем”.

Столтенберг гуфт, мавзӯъҳои мисли назорати силоҳ ва тағйироти иқлим аз масоили мавриди ҳамкорӣ бо Чин буда метавонад. Вале, ба гуфтааш, дар ин охирҳо ҳама шоҳиди тақвияти низомии ахири Чин ва сармоягузории ин кишвар ба тавонмандиҳои низомӣ, аз ҷумла ҳастаиаш мешаванд. “Инчунин Чин арзишҳои моро намепазирад, – гуфт раҳбари НАТО, ки – ин саркӯби эътирозҳои демократӣ… ва аққалиятҳо” мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.