Суғд: 40 табиб ба муҳоҷирати корӣ рафтанд

Мақомоти танудурустии вилояти Суғд мегӯянд, дар як соли гузашта 40  пизишк аз ин қаламрав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори  бахши тундурустии вилояти Суғд, айни замон дар муассисаҳои   ин минатақа  табибони оилавӣ, анестезиологу реаниматолог, мутахассисони  бемориҳои сироятӣ ва ташхиси радиатсионӣ ва равоншиносону наркологҳо намерасанд.  Дар давоми соли 2020 дар вилояти Суғд 13 пизишк фавтидааст ва мақомоти беҳдоштӣ исрор меварзанд, ки марги ҳеҷ яки онҳо бар асари COVID-19 набудааст. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.