Суқути ҳавопаймо дар вилояти Иркутски Русия. Фавтидаҳо ҳастанд

Ҳавопаймои мусофирбари L-410 дар фурудгоҳи вилояти Иркутски Русия нишасти изтирорӣ кард. Ба иттилои пешакӣ, ҳавопаймо 14 мусофир ва ду халабон дошт. Се мусофир ва як халабон фавтидаанд. Расонаҳои Русия бо такя ба хадамоти изтирорӣ навиштанд, ки ҳавопаймо дар ҷангал афтодааст. Эҳтимол ҳавопаймо дар натиҷаи иштибоҳи халабонҳо ва аз кор мондани муҳаррик суқут карда бошад. Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Русия 10 рӯйдоди изтирорӣ бо ҳавопаймоҳо сар задааст. ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.