Суҳбати дуввуми роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди марз

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар телефонӣ суҳбат карда, вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. 

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, ҷараёни амалӣ шудани созишҳои ҳосилшуда барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадиро, баррасӣ кардаанд.  

Ба гуфтаи манбаъ, дар суҳбати раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон “ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.”  

Дафтари раёсатҷуҳури Қирғизистон дар бораи гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов то ҳол ягон шарҳе надодааст.  

Аз замони оғози муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин бори дуввум аст, ки роҳбарони ду кишвар бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд. Раҳмон ва Ҷабборов шоми дирӯз 30-юми апрел ҳам гуфтугӯ карда буданд.  

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле ба масъалаи оташбас “таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд”, ки тибқи хабарҳои расида, бо вуҷуди оташбас дар минтақаҳои наздимарзӣ садои тир шунида мешавад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.