Суҳбати мустақими Консули ИМА оид ба барномаи “Гринкорт” бо тоҷикистониён

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рӯзи панҷшанбеи 5-уми ноябр масъулони амрикоӣ дар Душанбе оиди ширкати тоҷикистониён дар барномаи “Грин Корт” cуҳбати мустақим мекунанд. 

  • Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
  • Ба иттилоъи манбаъ, суҳбати мустақим пагох, соати 15.00 ба вақти Душанбе тариқи саҳфаи фейсбукии намояндагии дипломатӣ баргузор мешавад. Ширкат дар суҳбат озод аст.
  • Зимни он Консули ИМА дар Тоҷикистон Тад Хюз аз ҷузъу таркибҳои барнома, нозукиҳои он гуфта, ба суолҳои ширкатдорон оиди дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ширкат дар “Грин корт” ё Diversity Visa Lottery посух медиҳад.
  • Суолҳоро мешавад пешопеш ба суроғаи DushanbeConsular@state.gov ирсол кард.
  • Мавриди зикр аст, ки барномаи “Грин Корт” яке аз роҳҳои аслии дарёфти ҳуқуқи иқомат ва кор дар ИМА мебошад, ки тоҷикистониён метавонанд дар он озодона ширкат варзанд.

The post Суҳбати мустақими Консули ИМА оид ба барномаи “Гринкорт” бо тоҷикистониён appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.