Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо якдигар ва мардумони кишварҳои худро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.

Сарони ҳар ду давлатҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд. Дар робита ба ин изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баргузор мегардад.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус мавзуи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо оид ба иқдомҳои амалӣ ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзӯ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд. Аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади паст кардани сатҳи таъсири манфии пандемия ба ҷараёни рушди онҳо таъкид гардид.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат инчунин дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ мавриди гуфтушунид қарор доштанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.