СУТ изҳор намуд, ки 70% аҳолии сайёра ҷиҳати ба вуҷуд овардани эминӣ бояд эм карда шавад

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фарогирии ҷаҳонии эмкунӣ бояд 65-70% -ро ташкил диҳад, то ин ки эминият дар муқобили коронавируси нав ба вуҷуд биояд. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус корманди калонии илмии СУТ Сумя Сваминатан (ДАР АКС), зимни брифинг дар ҷавоб ба саволи оё ба таври табиӣ ба вуҷуд овардани эминии оммавӣ ба мақсад мувофиқ аст, изҳор дошт.

«Роҳи беҳтарини ба вуҷуд овардани эминии бадан-ин эмкунӣ аст», — гуфт вай. — «Ва фарогирии он набояд аз 65-70% камтар бошад».

Дар навбати худ, коршиноси СУТ Мария ван Керхове таъкид кард, ки кӯшишҳои ба вуҷуд овардани эминии оммавӣ бо роҳи табиӣ хатарнок хоҳанд буд ва боиси талафоти зиёд мешаванд. Ба гуфтаи вай, эмкунӣ роҳи муассиртарини ҳифзи аҳолӣ мебошад. «Дар саросари ҷаҳон корҳо барои коркарди ваксинаҳои бехавф ва муассир фаъолона идома доранд», — гуфт ван Керхове.

АКС аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.