Светлана Алексиевич бо ҳадафи муолиҷа ба Олмон сафар кард

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел нависандаи беларусӣ Светлана Алексиевич, ба қавли як дӯст ва ёвараш, бо ҳадафи муолиҷа ба Олмон сафар кард. Сафари ӯ дар пасманзари эътирозҳои идомаёбанда бар зидди Александр Лукашенко сурат мегирад. Алексиевич як узви президиуми Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони Беларус аст, ки бо ҳадафи барпо кардани муколама бо ҳукумат барои интиқоли сулҳомези қудрат баъди интихоботи, ба қавли мухолифон, тақаллубшудаи президентӣ ташкил шудааст. Мария Войтешонок, як дӯсти Алексиевич ба AFP гуфт, ки ӯ дар чаҳорчӯби як сафари аз пеш барномарезишуда сафар кард. “Ӯ давоми як моҳ ба Беларус бармегардад. Ӯ фаъолиятҳои худро ба ҳайси як узви Шӯрои ҳамоҳангсоз канор нагузошааст”, гуфт Войтешонок. Ӯ афзуд, ки қарор аст Алексиевич инчунин ба Итолиё сафар кунад, ки дар он ҷо ба ӯ як ҷоизаи адабиро тақдим кардаанд. Як ёвари нависандаи маъруф ба  Reuters гуфт, ки сафари ӯ ба сиёсат ҳеҷ рабте надорад ва ӯ нақша дорад, ки ба ватан баргардад. Ӯ гуфт, ки бо ҳадафи муолиҷа ба Олмон рафтааст. Баъди шаш ҳафта эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус Алексиевичи 72-сола ягона узви Шӯрои ҳамоҳангсоз буд, ки дар Беларус дар озодӣ ба сар мебурд. Рӯзи 27-уми сентябр ҳам садҳо ҳазор сокини Беларус ба хиёбонҳо рехта аз Лукашенко талаб карданд, ки ба истеъфо равад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.