Таъқиби ҷиноии Маҳмурод Одинаев бо ангезаи сиёсӣ раво нест! (фарохон)

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Як гуруҳ аз фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон хостори муҳокимаи судии мунсифонаи қазияи “омбудсмени мардумӣ” Маҳмурод Одинаев шудаанд.

 

“Рӯзҳои 25-28-уми январ Додгоҳи ноҳияи Рудакӣ парвандаи фаъоли ҷамъиятӣ, сокини шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаеви 59-соларо баррасӣ кард.

 Сабаби дар ин додгоҳ баррасӣ шудани парванда қазияи пурсарусадои “Озод кардани таҷовузгари кӯдаки хурдсол” аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Ҳисор мебошад, ки Маҳмурод Одинаев онро расонаӣ карда буд.

Одинаев, ки ба маҳзи ҳамин гуна талошҳо аз ӯ “омбудсмени мардумӣ” ном бурда мешавад,   пеш аз оғози мурофиа ва дар рафти он изҳор дошт, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаасту сутунмуҳрааш осеб дидааст.

 Мутассифона, додраси парванда Сайкабир Ҷалилзода ва додситон шикояти ӯро нодида гирифтанд, балки додситонии шаҳри Ҳисор Икром Шарифзода аз додгоҳ талаб кард, ки номбурда ба иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” ба 15 соли зиндон ва писараш ба 4 соли зиндон маҳкум шаванд.

 Далелҳои аслии додрас навори халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар назди сохтмони Комиссариати ҳарбии Ҳисор рӯзи 29-уми октябр ва нигоштаи Одинаев аз 16-уми ноябри соли 2020 дар Фейсбук ҳастанд.

Ин нигошта, ки ҳамин акнун ҳам дар дастраси ҳамагон аст, интиқоди қонунмандона ва муроҷиат ба “сарвари ҲСДТ Раҳматилло Зойиров” барои пешниҳоди ариза ҷиҳати баргузории ҳамоиши эътирозиро дар бар мегирад.

Аммо сарфи назар аз ин, додрас Ҷалилзода аз номи давлат ва мардуми Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон карда, ки мо, фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ новобаста аз сабабу омилҳои он бояд ҳар шаҳрванд муҷозот шавад. Ҷомеаи мадании кишвар аз ин гуна бархурд ҳамеша ҳимоят кардааст. Масъулини давлатро носазо гуфтану дашном додан низ бояд пайгарди қонунӣ дошта бошад. Аммо интиқоди сиёсати иҷтимоии як ҳукумат, даъвати узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ва пешниҳоди ариза ба раиси як ҳизби сиёсӣ аз ҷониби узви он наметавонад қонуншиканӣ бошад.

Чуноне, ки аз гузориши расонаҳо бармеояд, Маҳмурод Одинаев ҳадди аққал ду бори дигар ҳам то соли 2016 дар паи сар задани мушкилоте миёни худаш ё аъзои хонаводааш бо ин ё он ниҳод ё мансабдор аз баргузории ҳамоиши эътирозӣ гуфтааст, вале мақомот ва шаҳрдории Душанбе ҳаргиз даъватҳои ӯро ҷиддӣ нагирифта буданд. Ҳаргиз ҳам кор то пешниҳоди ариза ба шаҳрдорӣ нарасидааст.

Мо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар хуб огоҳ ҳастем, ки ҳамвора дар қабулгоҳҳои аксарияти раисони 69 шаҳру ноҳияҳои кишвар ва назди комиссариатҳои низомӣ дар мавсими сарбозгирӣ занону мардони бисёре аз ҷумлаи шаҳрвандони кишвар башиддат изҳори норизоӣ мекунанд.

“Митинг мекунем”, “Бачама баред худамро дар пеши мошини президент мепартоям”, “Ин чи ҳукуматдорӣ аст?!”, “Худо чаппатон кунанд!” ва ҳатто носазо гуфтан ба мансабдорони шаҳру навоҳию кишвар ҳар моҳ 2-3 бор ҷой дорад. Дарки вазъ ва фарҳанги роҳбарии аксарияти кулли раисону комиссарҳои низомӣ аст, ки ин қазияҳо ба истиснои чанде дар даҳсолаҳо ба муҷозоти шаҳрвандон намепечанд.

 То ҷое ба мушоҳида мерасад, раёсати кишвар низ хурдагириро дар инчунин қазияҳо қабул надоранду ҷомеа аз ин гуна бурхурд  истиқбол мекунад.

 Мо бар онем, ки дар қазияи Маҳмурод Одинаев низ набояд ба таъқиби ҷиноӣ аз ғараз  ё ангезаи сиёсӣ роҳ дод. Зеро мусаллам аст, ки мақомдорони шаҳри Ҳисор ва пуштибонони онон дар мақомоти болоӣ фаъолияти Одинаевро дар умум ва хоса бекор кардани ҳукми додгоҳӣ дар қазияи мудҳиши озори ҷинсии кӯдакро хуш надоштанд. Талошҳои фурсатталабонаи онҳо низ то ҷое рӯшан шудан доранд, ки боиси нигаронист.

Афзун бар ин, зиндонӣ кардани Одинаев метавонад боиси суъистифодаи гурӯҳӣ дар муҳити иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон гардад, ки дар шароити ҳамагирии вируси куруно ҳамчунин номатлуб ба назар мерасад.

Бино бар нукоти боло, шумо – масъулони давлати Тоҷикистонро фаро мехонем, ки барои муҳокимаи мунсифонаи қазияи Одинаев дар зинаҳои болоии додгоҳӣ шароит офарида, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро арҷ бигзоред.

Мо аз шаҳрвандони кишвар дархост мекунем, ки бо имзои ин фарохон дар таъйини тақдири ҷомеаи худ саҳм гирифта, ба ваҳдати воқеъӣ ва ҷомеаи боз арҷ гузоранд”.

  • Фарохонро як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳврандии кишвар бо шумули Ойниҳол Бобоназаров, Абдуқодири Рустам, Исфандиёри Назар, Меҳмоншо Шарифов, Саймуддин Дӯстов, Исфандиёри Одина, Афсона Акобиршоева ва дигарон имзо кардаанд.

The post Таъқиби ҷиноии Маҳмурод Одинаев бо ангезаи сиёсӣ раво нест! (фарохон) appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.