ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, чоршанбе, 134-юмин рӯзи соли 2020 аст

13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

13 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Россия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.

РӮЙДОДҲО:

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.

***

13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

9 сол қабл, 13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои  кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

***

13 майи соли 1939 дар Париж Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар ИМА куҳансолтарин зани сайёра аз олам даргузашт.

***

Соли 1927 дар Киев клуби футболи «Динамо Киев» ифтитоҳ гардид.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳШукӯҳи Далер варақ мезанад

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.