ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2020 аст

27 августи соли 2008 дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

***

10 сол пеш, 27 августи соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро шуниданд. Сарвари давлат оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш доданд, ки ҳарчи зудтар ба мардуми осебдида кумаки зарурӣ ва саривақтӣ расонанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар мулоқоти  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ гардиданд.

27 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи кино.

***

Дар Молдова – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

27 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе пас аз натиҷаҳои гуфтушунид миёни намояндагони Тоҷикистону Чин дар ҳайати васеъ 13 санад ба имзо расонида шуд.

***

27 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуданд.

***

7 сол пеш, 27 августи соли  2013  дар ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.

***

27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба доир  гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

109 сол муқаддам, 27 августи соли 1911 дар Россия клуби футболи  ССКА    ташкил гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1935 дар иёлати Техас зимни раъйпурсӣ бештари аҳолӣ барои аз байн бурдани қонуни зидди машрубот  овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1946 дар аввалин конгресси ҷаҳонии донишҷӯён дар Прага Иттифоқи байналмилалии донишҷӯён таъсис дода шуд.

***

Соли 1955 аввалин ҷилди китоби «Рекордҳои Гиннес» аз чоп баромад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.