ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2020 аст

5 сентябри соли 2011 агрегати якуми НБО «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.

***

7 сол пеш, 5 сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури мамлакат дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80» бо номи «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт фурӯшгоҳи бузурги китоб  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС суханронӣ намуданд.

5 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.

 РӮЙДОДҲО:

 5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ карданд.

***

5 сентябри соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.

***

14 сол пеш аз ин, 5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон- қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуд.

***

5 сентябри соли  2015  дар шаҳри Душанбе панҷумин Намоишгоҳи байналмилалии  «Китоби Душанбе» баргузор гардид.

 ***

5 сентябри соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар  дастаи  мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

***

Дар ин рӯзи соли 1950 дар Сурия конститутсияи сотсиалистӣ қабул гардид.

***

5 сентябри соли 1980 дар Швейтсария дарозтарин нақби мошингузари дунё, ки 16 километр аст,  ифтитоҳ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

Соли 1958 дар ИМА ширкати «Ampex» аввалин видеомагнитофони рангаро пешниҳод кард.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.