ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 343-юмин рӯзи соли 2019 аст

9 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

***

9 декабри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.

9 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

9 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона-асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

***

9  сол пеш, 9 декабри соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри  Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаи   комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.

***

9 декабри соли 2014  АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 8 декабр варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар шаҳри Лимассоли Кипр дар рақобатҳо дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад.

***

9 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Маркази ёрии ҳуқуқии  ҳамватанони рус дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

167 сол муқаддам, 9 декабри соли 1852 дар Торонто Биржаи фондӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1909 клуби футболи «Баруссия» (Дортмунд) ташкил шуд.

***

9 декабри соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992 миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

Соли 1923 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи адабии «Звезда» («Ситора») таъсис ёфт.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.