ТАҚВИМИ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 252-юмин рӯзи соли 2019

9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия ва Қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд.

***

3 сол пеш, 9 сентябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид. Дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

9 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.

***

Рӯзи байналмилалии зебоӣ.

***

Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

9 сентябри соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода доданд.

***

9 сентябри соли 2014 муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуданд.

***

93 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1926 шабакаи телевизионии Америка — Эн-Би-Си таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1961 дар Киев аввалин ҳунарнамоии Балети давлатии Украина дар рӯйи ях баргузор гардид.

***

9 сентябри соли 1969 дар Канада қонуни забон қабул гардид, ки  тибқи он забонҳои англисӣ ва франсузӣ дар тамоми ҳудуди кишвар забони расмӣ эълон карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2011  дар шаҳри  Душанбе роҳпаймоии 3000 –нафара баргузор гардид, ки дар он  ҷавонон Парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.

***

Соли 1886 дар пойтахти Швейтсария- шаҳри Берн Конвенсия дар бораи ҳифзи маҳсули адабиёт ва санъати бадеӣ ба имзо расидааст, ки аввалин созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф мебошад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.