Таҳқиқоти “Новая газета” дар бораи эъдомҳои ғайридодгоҳӣ дар Чеченистон

Қудратиҳои Чеченистон моҳи январи соли 2017 пеш аз эъдомҳои ғайридодгоҳӣ чандин ҷавонро дар рӯбарӯи дурбин маҷбур кардаанд, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” байъат кунанд ва сипас аз он рӯй гардонанд.

Нашрияи русии “Новая газета” дар як таҳқиқоти нави худ бо истинод ба асноди Вазорати умури дохилии Чеченистон навиштааст, қудратиҳои ин кишвар як қатор гумонбарони ҳалокшударо зинда дастгир карда будаанд. Дар ҳоле ки дар гузинаи расмӣ ин чиз қайд нашудааст.

“Новая газета” тобистони соли 2017 хабар дода буд, ки шаби 25 ба 26 январи ҳамон сол дар Чеченистон 27 кас кушта шуд. Ба иттилои нашрия, қудратиҳои чечен кушташудаҳоро баъди як ҳамла ба кормандони пулиси ин кишвар дар натиҷаи амалиёте зинда дастгир карда буданд.

Нашрия моҳи апрели соли 2017 рӯйхати 30 сокини кушташудаи Чеченистонро пешниҳод карда буд. Мақомоти тафтишотии Чеченистон ҳалокати чаҳор касро тасдиқ карданд.

Се тани дигаре, ки дар рӯйхати нашрия буданд, зинда дастгир шуда, охирҳои моҳи феврали соли 2017 дар як иқдоми зидди ҳамҷинсгароёни маҳаллӣ кушта шуданд.

Вале раҳбарони ниҳодҳои қудратии Чеченистон иддаои нашрияи “Новая газета”-ро рад карда, гуфтанд, ягон нафари дар рӯйхат бударо зинда дастгир накардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.