Таҳдиди фармондеҳи эронӣ ба амрикоиҳо дар робита ба қатли генерал Сулаймонӣ

Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, таҳдид кард, аз ҳар касе, ки дар қатли Қосими Сулаймонӣ нақш дорад, интиқом хоҳанд гирифт. Генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳ, моҳи январи имсол дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод кушта шуд. Вебсайти Сипоҳи посдорон рӯзи 19-уми сентябр аз Ҳусейн Саломӣ иқтибос овард, ки гуфтааст, “Ҷаноби Трамп, интиқом гирифтани мо барои шаҳодати генерал возеҳ, ҷиддӣ ва қатъӣ аст.” Вай афзудааст, ба шахсоне, ки мустақим ё ғайримустақим дар кушта шудани Сулаймонӣ нақш доштанд, зарба хоҳанд зад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар аввали ин ҳафта ҳушдор дода буд, ки Вашингтон ба ҳар талоши Эрон барои гирифтани интиқоми марги генерал Сулаймонӣ ҷавоби сахте хоҳад дод. Таҳдиди Трамп баъди он садо дод, ки дар гузорише гуфта мешуд Эрон ҳамчун интиқоми қатли Сулаймонӣ қасд дорад сафири Амрикоро дар Африқои Ҷанубӣ бикушад. Ҳусейн Саломӣ қасди куштани сафири Амрикоро рад кард, аммо рӯшан кард, ки Эрон интиқоми фармондеши пешинро гирифтанист.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.