Таҳдиди полиси Мянмар ба эътирозгарон: “пароканда шавед ё саркӯб хоҳед шуд”

Полиси пойтахти Мянмар эътирозгаронро ҳушдор дод, ки агар пароканда нашаванд, бо саркӯбҳо рӯбарӯ мешаванд. Ин эътирозҳо, ки дар посух ба кудатои  низомии ҳафтаи гузашта сар зад, боиси норозигии бисёр сокинон шуд ва мақомоти амалкунанда тавассути телевизион ишора карданд, ки ба эътирозгарон раҳм намекунанд.

Рӯзи сеюм аст, ки ҳазорҳо нафар дар кӯчаҳои шаҳри Нейпйидо  ва дигар манотиқи кишвар зидди диктатура ва ҳабси раҳбари интихобшудаи кишвар Аун Сан Суҷӣ раҳпаймоӣ мекунанд. Дар шаҳр се хати полис ҷараёни эътирозҳоро назорат мекунанд ва ба навиштаи Рейтерс, агар ин хат убур шуд, полис аз силоҳ истифода мекунад. Матбуот ҳушдор дод, ки агар  эътирозгарон  ба “амният, субот ва қонун таҳдид кунанд”, полис иқдом мекунад. Ин таҳдид дар як шабакаи вобаста ба низомиёни ҳукмрон ҳам садо дод. Эътирозҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе барпо шуд ва ҳам рӯзи душанбе барои пароканда кардани мардум полиси Нейпйидо аз лӯлаҳои об истифода кард.

Низомиён дар Мянмар рӯзи 1-уми феврал қудратро ба даст оварда як соли ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд ва бепояву асос иддао намуданд, ки гӯё интихоботи тирамоҳи порсол тақаллуб шуд. Сан Суҷӣ ва дигар раҳбарони мулкӣ боздошт шудаанд. Кудато ба ҷараёнҳои мураккаби демократии Мянмар нуқта гузошт ва мояи интиқодҳои байналмилалӣ шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.