Таҳдиди то 4 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия

Матбуоти русӣ менависад, дар  вилояти Тюмен  ба  як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон то 300 ҳазор рубл ҷарима  ва ё то 4 соли зиндон таҳдид мекунад. Муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди дар рӯйхатти сиёҳ будан бо ному насаби нав 7 маротиба ба Русия сафар кардааст. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки ҷавони тоҷики муттаҳамро соли 2015 барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз ин кишвар берун карда, барои 5 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум намуданд. Аммо ӯ  дар  Тоҷикистон  ному насаби худро иваз карда, аз моҳи апрели соли 2016 то моҳи марти соли 2018 гузаргоҳҳои марзиро убур кардааст. Соли гузашта  ӯ дар шаҳри Нижневартовск барои гирифтани патент ҳуҷҷат месупорад   ва бар асоси изи ангуштон дар ҷустуҷӯ эълон мешавад. Муҳоҷири тоҷикро моҳи гузашта  дар шаҳри Сургут дастгир карданд. Мақомоти Русия солҳои охир садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои 3 ё 5 сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум карданд.  Русия макони асосии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бисёриҳо маҷбур ҳастанд бо ҳар гуна роҳҳои дигар ба ин кишвар ворид шуда коре ҷустуҷӯ кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.