Таҳлилу баррасии мушкилоти забони форсӣ аз ҷониби коршиносони форсизабон

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рӯзи 9-уми ноябр бо иштироки адибону рӯзноманигорон аз чор кишварҳои форсизабон конфронси онлойние баргузор хоҳад шуд, ки дар он фарозу фуруди забони форсӣ дар ин кишварҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

  • Тавре рӯзноманигори тоҷик Дориюш Раҷабиён дар гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” иттилоъ додааст, конфронс соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шабакаи Zoom ва сафҳаи фейсбукии Бунёди Мавлоно, ки ташаббускори ин конфронс аст, баргузор хоҳад шуд.
  • “Таҳлилу баррасии фарозу фуруди забони форсӣ дар чаҳор кишвари форсизабон ва таъсири сиёсат дар чандпорагии забони муштараки тамаддунӣ ва ин ъунсури асосии ҳувияту торихи муштараки фалоти Эроншаҳри фарҳангӣ бо ҳузури Шаҳзодаи Самарқандӣ, нивисандаву рӯзноманигор аз Узбакистон, Солеҳ Муҳаммади Халиқ, шоъиру пажӯҳишгар аз Афғонистон, Ҳило Сиддиқӣ, шоъир ва кунишгари фарҳангию иҷтимоъӣ аз Эрон, Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигору забонпажӯҳ аз Тоҷикистон”- омадааст, дар баёния.

 

The post Таҳлилу баррасии мушкилоти забони форсӣ аз ҷониби коршиносони форсизабон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.