Таҳрими чор мақоми аршади Русия аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар як нишаст дар Брусел  ба мувофиқа расиданд, ки алайҳи раҳбарони як қатор сохторҳои қудратии Русия таҳрими инфиродӣ ҷорӣ гардад.

  • Тавре  “Медуза” дар такя ба ожонси хабарии Ройтерз хабар медиҳад, таҳримоти нав ба сабаби таъқиби ҷиноии ғайриқонунии сиёсатмадор Алексей Навалний  гирифта шудаанд.
  • Тибқи иттилои манбаъ, раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, сардори Хадамоти федералии иҷрои ҷазо Александр Калашников, фармондеҳи Горди Русия Виктор Золотов ва Додситони кулл Игор Краснов таҳти таҳримот қарор мегиранд.
  • Ин афрод аз шумули онҳое мебошанд, ки ба шахси Владимир Путин наздик буда, бо далоили сиёсӣ Алексей Навалӣнийро таъқиб мекунанд. Ҳадди аққал ду тан аз онҳо  қаҳрамонҳои фасодолудаи тадқиқоти ФБК ва Алексей Навалний будаанд.
  • Бар асоси ин таҳримот вуруди ин ашхос ба ҳудуди Иттиҳоди Авруро манъ шуда,  дороиҳои онҳо дар бонкҳо барояшон дастнорас мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мавҷудияти ҳисобҳои бонкӣ ва моликияти онҳо дар ҳудуди ИА маълум нест.
  • Дар назар аст, ки соатҳои наздик ҷониби Русия дар ин бора изҳори назар мекунад.

The post Таҳрими чор мақоми аршади Русия аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.