Табаддулоти Мянмар. Артиш ба саркӯби эътирозгарон омода мешавад

Дар шимоли Мянмар ҳаракати артиш мушоҳида ва садои тири аслиҳа шунида мешавад. Ба навиштаи Би-Сӣ-Сӣ, ба эҳтимоли зиёд, артиш ба саркӯби иқдомҳои эътирозие омода мешавад, ки аз 1 феврал ба ин тараф – аз замони ғасби қудрат аз сӯи неруҳои мусаллаҳи он кишвар – идома доранд.

Сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Мянмар, баъди он ки техникаи низомӣ ва сарбозон вориди шаҳр шуданд, аз неруҳои мусаллаҳ даъват карданд, ки зидди сокинон хушунатро раво набинанд.

Шоми рӯзи якшанбе дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон интернет қатъ шуд. Намояндаи СММ гуфт, низомиён зидди сокинони осоишта “ҷанг эълом кардаанд”.

Том Эндрюс, гузоришгари махсуси СММ дар умури Мянмар гуфт, низомиён, ки қудратро ғасб кардаанд, ноумедӣ ба намоиш мегузоранд ва барои ҳар амалашон посух хоҳанд гуфт.

Дар ҳамин ҳол эътирози сокинони Мянмар зидди ғасби қудрат аз сӯи низомиён идома дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.