Табибони туркман то ҳол изофапулии гуфтаи Бердимуҳаммадовро нагирифтаанд

Дар Туркманистон кормандони тиббие, ки дар минтақаҳои карантин кор мекунанд, маҷбуранд харҷҳояшонро аз ҳисоби худ рӯйпуш кунанд.

Ҳарчанд мақомоти Туркманистон иддао доранд, ки дар он кишвар то ҳол касе ба коронавирус гирифтор нашудааст, вале ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар се беморхонаи шаҳри Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебап мубталоёни коронавирус табобат мешаванд.

Ба гуфтаи хабарнигор, кормандони ин беморхонаҳо либосҳои муҳофизатӣ ва ашёи дигари ниёзи аввалияро маҷбур ҳастанд, аз ҳисоби худ харидорӣ кунанд. “Аз сӯи давлат ҳеч гуна кумаке намегирем”, – гуфт як табиби туркманободӣ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳар як табиб дар 14-рӯзи навбатдорияш ба ҳисоби миёна 400 манат (114 доллар) харҷ мекунад. “Табибон пули се вақт ғизо, собун, шампун, хамираи дандоншӯӣ ва маводи дигарро худашон медиҳанд. Ҳатто коғази ташнобро бо худ меоранд”, – афзуд ӯ.

Президенти Туркманистон 25 сентябр дар иҷлосияи ахири Шӯрои мардумии кишвараш қарори додани изофапулӣ ба кормандони тиббиро имзо кард, вале табибон мегӯянд, то ҳол онро дарёфт накардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.