Табрики хоси донишманди тоҷик Умед Ҷайҳонӣ ба Рӯзи милитсия

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Имрӯз 10-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил мешавад. Пажӯҳишгар Умед Ҷайҳонӣ ин ҷашнро ба кормандони милитсия табрик гуфта, пешниҳод кардааст, ки ном ва рутбаҳои махсуси он тоҷикӣ карда шаванд.
  • “Рӯзи милитсияро ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон табрик мегӯем ва ин вожаҳоро ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҷойгузин кардани рутбаҳои махсуси милитсия пешниҳод мекунем”, – навиштааст ӯ.
  • Дар руйхати пешниҳодии ӯ табдили 17 рутбаи махсус омадааст, ки бар асоси ковишу омӯзишҳои чандсолаи ӯ таҳия шудаанд:
Генерал-полковники милитсия = Сипаҳсолор
Генерал-лейтенанти милитсия = Лашкарсолор
Генерал-майори милитсия = Гундсолор
Полковники милитсия = Сарҳанг
Подполковники милитсия = Сарҳангёр
Майори милитсия = Саргурд
Капитани милитсия = Сарвон
Лейтенанти калони милитсия = Паҳрабон
Лейтенанти милитсия = Паҳрадор
Лейтенанти хурди милитсия = Паҳравар
Прапоршики калон = Сарпаҳраванд
Прапоршик = Паҳраванд
Старшинаи милитсия = Сарпосбон
Сержанти калони милитсия = Посбон
Сержанти милитсия = Посдор
Сержанти хурди милитсия = Посвар
Милитсияи қаторӣ = Посёр. 
  • Донишманди тоҷик ба  Вазорат пешниҳод кардааст, ки дар паи ислоҳоти милитсия онро тоҷикона «шаҳрбонӣ» биномад ва вожаҳои  низ чун дараҷаҳои вижаи шаҳрбонӣ ба кор бигирад.
  • Ҳамчунин Умеди Ҷайҳонӣ ҷойгузини номи ягонҳои неруҳои интизомии пулисро пешниҳод кардааст, ки асоси торихӣ доранд:
Отделение = Пос
Взвод = Паҳра
Рота = Вашт
Батальон = Гурдон
Полк = Ҳанг
Бригада = Гунд
Дивизия = Лашкар
Корпус = Сипоҳ. 
  • Вокуниши масъулини Вазорат ба ин пешниҳод алҳол маълум нест.
  • Маврид ба зикр аст, ки Умеди Ҷайҳонӣ солҳо боз дар ин самт ковишу таҳқиқ мекунад ва ҳар яке аз гузинаҳои пешниҳодияшро бо ширкати донишмандону корбарони қаторӣ баррасӣ карда, гоҳе ҳам такмил месозад.

The post Табрики хоси донишманди тоҷик Умед Ҷайҳонӣ ба Рӯзи милитсия appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.