Тачи дар муроҷиат ба мардуми Косово дар бораи иттиҳоми “ҷиноятҳои ҷангӣ” изҳори назар мекунад

Президенти Косово Ҳошим Тачи рӯзи 29 июн дар як муроҷиат ба мардуми кишвар назарашро ба иттиҳоми додситонҳои Аврупо баён мекунад, ки ӯро дар ҳодисаҳои солҳои 1998-99-и касби истиқлолияти Косово  дар ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият гунаҳгор кардааст. Рӯзи 24 июн дафтари вижаи додситонии Гаага эълон кард, ки президент Ҳошим Тачи ва сиёсатмадори дигари бонуфуз Кадрӣ Веселӣ дар миёни нафароне мебошанд, ки “дар куштори ҷиноии тахминан 100 нафар” ва дигар қонуншиканиҳо дар робита бо “албанитаборҳо, сербҳо, лӯлиҳо, қавмҳои дигар ва инчунин рақибони сиёсиашон” масъулият доранд. Дар солҳои ҷанг Тачи раҳбарии гурӯҳи худхондаи шӯришӣ бо номи Артиши озодихоҳи Косоворо ба ӯҳда дошт. Қарор аст додраси баррасии тододгоҳии парвандаҳо дар бахши вижаи Косовои додгоҳи Гаага  то октябри имсол мушаххас бикунад, ки  то куҷо даҳ иттиҳоми зидди президент барои ба додгоҳ кашидани ӯ мувофиқат мекунад ё на.

Дар ҳоле, ки Весели худро бегуноҳ эълон кардааст, президент Тачи дар Инстаграми худ рӯзи 26 июн навишт, ки “таърихи Косоворо касе тағйир дода  наметавонад”. Рӯзи 28 июн Тачи аксеро дар ҳалқаи волидонаш “дар ватан” нашр кард. 

Ҳафтаи гузашта баъди он ки иттиҳоми зидди президент содир шуд, мулоқоти ӯ бо президенти Сербия Александр Вучич дар Кохи Сафед ба таъхир даромад. Қарор буд музокирот 27 июн баргузор мешуд ва ҳадафаш оддӣ шудани вазъи миёни ду ҳамсоя гуфта мешавад. 

Косово соли 2008 эълони истиқлолият кард ва инро 110 кишвар эътироф намудааст. Белград истиқлолияти собиқ вилояташро ба расмият намешиносад. Рӯзи 27 июн нахуствазири Косово Абдуллоҳ Ҳотӣ гуфт, ки ҳукуматаш барои беҳбуди равобит бо Сербия ӯҳдадор шудааст. 

Баъди бозгашташ аз Брюссел Ҳотӣ гуфт, ки ӯ ва намояндаи вижаи президенти ИМА Ричард Гренелл ба мувофиқа расиданд, ки барои идомаи музокирот “як рӯзи дигарро базудӣ” таъин хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол Олмону Фаронса ишора кардаанд, ки муколамаи раҳбарияти Косово ва Сербия метавонад дар Фаронса ҷараён бигирад. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.