Тадбирҳои шадидтари зидди коронавирус дар Аврупо

Фаронсаву Олмон дар андешаи шадидтар кардани тадбирҳои зидди коронавирус шуданд, дар ҳоле, ки дар ИМА омори гирифторшавиҳои нав мисли гузашта баланд боқӣ мемонад.  Беморхонаву муассисаҳои кӯмаки изтирорӣ дар саросари Аврупо аз беморон пур шудаанд ва омор аз афзоиши бамаротиб бештар назар ба моҳҳои марту апрел, ки он замон карантини сартосарӣ  то андозае суръати  паҳншавии вирусро кам карда буд, рӯбарӯ шудаанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 16-уми июл дар ҷаласае бо ширкати раҳбарони 16 минтақаи кишвар масъалаи шадидтар кардани тадбирҳои зидди коронавирусро баррасӣ мекунад. Дар миёни муассисаҳое, ки баста мешаванд,  тарабхонаву бар, осорхонаҳо мебошанд ва ҳам баргузории чорабиниҳо мамнӯъ хоҳад шуд. Итолиёву Испания аллакай чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ карда, дар Фаронса дар андешаи ҷорӣ кардани чунин тадбирҳо ҳастанд. Дар Русия, ки аз назари омор чорумин кишвари осебдида аз коронавирус ба шумор меравад, мақомот доштани ниқоби тиббиро дар ҳама маконҳои ҷамъиятиву серодами мисли нақлиёт, такси, лифт ва дигар ҷойҳо ҳатмӣ карданд. Ин ҷо то ҳол 1 миллиону 540 ҳазор нафар бо  коронавирус ба қайд гирифта шудаанд ва марги 26 ҳазор нафар аз ин беморӣ тасдиқ шудааст. Дар ИМА дар 47 аёлат ҳамарӯза афзоиши ҳодисаҳои нави олудашавӣ ва дар 34 аёлат афзоиши талафот аз COVID-19 гузориш мешавад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.