Тафтиши хобгоҳҳои муҳоҷирон баъди ёфтани ҷасади як зани рус дар Маскав

Дар вилояти Маскав тафтиши сартосарии хобгоҳҳо ва макони ҷамъомади муҳоҷирон шурӯъ мешавад. Раиси вилояти Маскав Андрей Воробев дар ҷаласаи фаврӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 14-уми сентябр дастур додааст. Ин ҷаласа дар пайи куштори як зани 67-сола дар шаҳри Сергиев Посад доир шуд. Ҷасадро рӯзи 13-уми сентябр дар ҷангал пайдо карданд ва бо иттиҳоми содир крадани ин ҷиноят ду зодаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Назари боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом маълум нест. Вале баъди ин ҳодиса ва бо талаби сокинони маҳаллӣ дирӯз хобгоҳи муҳоҷирон дар Сергиев Посад баста шуд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.