Таъкид ба пуштибонии Украина дар сӯҳбатт Блинкен бо Киев

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ваъда дод, ки ИМА  таҳти маъмурияти президент Ҷо Байден ироаи кӯмакҳои иқтисодиву низомӣ ба Украинаро идома хоҳад дод. Дар сӯҳбати телефоние, ки рӯзи 1-уми феврал бо вазири хориҷаи Украина Дмитрий Кулеба дошт, Блинкен ба “кӯмаки қавии бетарафона ба Украина бо назардошти истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ормонҳои ин кишвар барои ҳамгироӣ бо Аврупову Атлантикаро таъкид кардааст”. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ инчунин гуфта мешавад, ки ИМА тааҳҳуд кардааст, ки ироаи кӯмакҳои иқтисодиву низомӣ ба Украина ва ҳам фаъолиятҳои дипломатӣ дар амри пайдо кардани роҳҳали таҷовузи Русия ба шарқи Украина ва Қримро идома хоҳад дод. Блинкен инчунин аз Украина хост, ки дар мубориза бо коррупсия ва роҳандозии ислоҳот дар бахши волоияти қонун ва  иқтисод ба пешрафте даст ёбад. Ду мақом инчунин вазъи пандемияи коронавирусро баррасӣ карданд. Баъди ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина аз ҷониби Русия, Украина ба кӯмаки ҳамаҷонибаи ИМА умед мебандад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.