Талаби 10 сол зиндон ба маъмури пешини амният, ки зани ҳамҷинсгароро задааст

Додситонии вилояти Алматои Қазоқистон барои корманди пешини Кумитаи амнияти миллии он кишвар, ки дар хушунати ҷинсӣ ва латукӯби як ҳамҷинсгаро айбдор мешавад, 10 соли зиндон талаб кард.

Аз зани ҷабрдида, ки ҷинсашро иваз кардааст, Виктория Беркхоҷаева ном бурда мешавад.

Додситон ҳамчунин аз додгоҳ хостааст, ки айбдоршаванда аз ишғоли мансабҳои давлатӣ пурра маҳрум карда шавад.

Корманди пешини Кумитаи амнияти миллӣ дар додгоҳ айбҳои эъломшударо рад кардааст.

Парвандаи ҷиноӣ барои хушунат ва латту куби Виктория Беркхоҷаева тобистони соли 2019 боз ва моҳи октябри ҳамон сол корманди пешини мақомоти амният боздошт шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.