Талаби нахуствазири Чех ба истеъфои  вазири беҳдошт  барои нақзи  карантин

Андрей Бабиш, сарвазарии Ҷумҳурии Чех ба вазири беҳдошт Роман Примула шарт гузошт, ки аз вазифа ихтиёран канор биравад, ваё ӯ бо қарори худ ӯро аз вазифа барканор мекунад. Ултиматум ё зарбулаҷали нахуствазир дар ҳоле садо дод, ки вазири беҳдоштро дар шароити шадид шудани меъёрҳои карантин  дар як тарабхона диданд. Дар ду рӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 30 ҳазор нафар тоза ба COVID-19  гирифтор шудаанд.

Акси Роман Примула ба ҳангоми баргузории як мулоқот дар тарабхонаи Прага ба интернет роҳ ёфт ва нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 23-юми октябр гуфт, “дар ҳоле, ки ходимони тибби мо дар ҷабҳаи аввал барои наҷоти ҷони шаҳрвадони мо мубориза мебаранд, чунин амалҳо комилан нобахшиданӣ аст”.

Акс бори аввал дар маҷаллаи Blesk пайдо шуд. Он ҷо дида мешавад, ки Примула дар як тарабхона бо як мақоми баландпоя аз ҳизби ANO-и нахуствазир, ҳизбе, ки эътилофи ҳукуматӣ аз ҳисоби аъзои он ташкил шудааст, нишастааст. Ин мулоқот чанд соат баъди он барпо шуд, ки Примула дар кишвар муқаррароти сангинтари наве ҷорӣ кард  ва дар миёни онҳо маҳдудияти ҳаракат ва баста шудани ҳама фурӯшгоҳҳои тиҷоратӣ буд. Аз ин пештар тарабхонаву бар ва муассисаҳои тафреҳӣ баста шуда буданд. Примула як мутахассиси соҳаи эпидемиология мебошад ва танҳо моҳи гузашта ба ин мақом таъин шуд. Вазири пешин бо сабаби якбора боло рафтани ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус ба истеъфо рафт. Ҷумҳурии Чех ҳоло яке аз кишварҳои сафи аввали Аврупо аз назари олудашавии зиёди мардумаш ба коронавирус ба шумор меравад. Дар ин кишвар ҳоло беш аз 223 ҳазор нафар олудашуда ва 1845 нафар фавтида аз COVID-19 ба ҳисоб мераванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.