Таъмини амнияти фурудгоҳи Кобулро Туркия ба ӯҳда мегирад

Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан аз “ӯҳдадории қотеи” Туркия дар таъмини амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Кобул дар шароити хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ истиқбол кард. Салливан рӯзи 17 июн дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, зимни мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи НАТО дар Брюссел, президентони ИМА ва Туркия – Ҷо Байден ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи “сарнавишти фурудгоҳ” як сӯҳбати муфассале доштанд. Ӯ гуфт, ки ҳоло тимҳои кории ҳарду ҷониб ҷузъиёти корро дар ин самт баррасӣ мекунанд. Салливан гуфт, мавқеи қотеъ дар заминаи Фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзайи Кобул ин аст, ки Туркия дар сарнавишти баъдии он нақши раҳбарикунандаро иҷро мекунад. Эрдуғон гуфтааст, ки Туркия дар ин замина ба кӯмакҳои муайян ниёз дорад ва Байден ҳам ба ин розӣ шудааст.

Байден амр дод, ки нирӯҳои амрикоӣ то 11 сентябри соли 2001 аз хоки Афғонистон берун шаванд. Дар ин сана ду даҳсола пеш  ҷангиёни Ал–Қоида дар ИМА ҳамлаҳои пурқурбонии террористӣ анҷом додаанд ва баъди ин амрикоиҳову нирӯҳои эътилофӣ вориди Афғонистон шуда, ҳукумати Толибонро суқут доданд. Нигаронии асосӣ ин аст, ки баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои эътилофӣ Толибон метавонанд ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул ва ҳам нирӯҳои амниятии ин кишварро аз байн бубаранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.