Тарғибгарони Кремлин бо нархи 1,5-2 рубл лайк мехаранд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Тадқиқоти рӯзноманигорӣ собит кард, ки ҷонибдорону тарғибгарони сиёсати Кремлин барои нигоштаҳояшон дар Фейсбуку Твиттер лайк ва репост мехаранд. Фарзи мисол, 

  • Тавре DW менависад, нигоштаҳои вакили Думаи давлатӣ Леонид Слутский мунтазам дар яке аз биржаҳо барои зиёд кардани лайкҳо ва репостҳо ҷойгир карда мешаванд.
  • Ин вакили рус ва раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ якуним-ду рубл барои лайк ва репост дар Фейсбук ва тақрибан ҳамин миқдор барои лайк ва ретвит дар Твиттер пардохт мекунад.  Барои нигоштаҳои  назири  “иғвоҳо аз Брюссел” ё “бемаънии дӯзахонаи” маъмурияти Байдени ӯ  лайк харида мешавад.
  • Хариду фурӯши лайку репостҳо тавассути платформаи Bosslike.ru сурат мегирад. Ин биржаи ба хоҳишмандон имкон медиҳад, ки на танҳо лайкҳо, балки муштариёну репостҳо ва ҳатто назарҳоро дар ҳама шабакаҳои маъмули иҷтимоӣ – аз Одноклассники ва ВК то Телеграмм, YouTube ва ТикТок афзоиш диҳанд.  Ҳама навиштаҳои охирини Слутский дар мубодилаи лайкҳои ин биржа пайдо мешаванд.
  • Гуфтанист, ки ин биржа қимати тахминии намудҳои гуногуни фаъолият дар шабакаҳои муайяни иҷтимоиро пешниҳод менамояд. Аммо дар ниҳоят, ҳар як муштарии сабтиномшуда худ нархи  иҷрои як вазифа (лайкзанӣ, ҳамвандӣ, репост ва ғ.ҳ. )-ро муайян мекунад. Ҳар қадаре, ки хоҳишманд зиёдтар пардохт таъин кунад, дигар иштирокчиёни “мубодила” супоришро ҳамон қадар тезтар анҷом медиҳанд.
  • Нархҳо барои постҳои Слутский дар ин мубодила яке аз баландтаринҳо ба шумор мераванд: дар Facebook ва Twitter ба муштарӣ миқдори холҳои баробар ба якуним то ду рубл.
  • Ҳангоми дидабонии ин раванд ва интишори матн Леонид Слутский ба дархости DW оид ба хариди лайкҳо посух надодааст.
  • Мавриди зикр аст, ки  номи Вакили Думаи давлатӣ Слутский пас аз ҷанҷол оиди озори эҳтимолии ҷинсӣ ба аҳли ҷомеа бештар маълум шуд. Чанд бонуи рӯзноманигор дар соли 2018 ӯро ба таъқиб ва озори ҷинсӣ муттаҳам карданд, аммо бо вуҷуди эътирози мардум, аъзои Кумитаи одоби Думаи давлатӣ ин ҳамкорашонро сафед карданд.
  •  Маркази “Досйе” дар як тадқиқоти рӯзноманигорӣ, ки  рӯзи 5 апрел нашр шуд,  маълум кард, ки ба  Бунёди сулҳи Русия, ки сарварии онро Слутский ба уҳда дорад, аз сенаторҳои амрикоӣ грантҳо хостааст.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои байналмилалӣ ИМА ва ИА-ро бераҳмона танқид мекунад. Масалан, ӯ дар Твиттер навишт, ки  “Боз ҳам дигаронро маломат мекунеду ба оина наменигаред? Русия нест, ки аз ИА дур шавад, Брюссел такрор ба такрори муноқиша бармеангезад”.
  • Таҳқиқ собит сохтааст, ки ин твит зиёда аз 170 лайк ба даст овардааст, ки аз ин миён 78 ҳисоби корбарӣ барои таҳлил дастрас мебошад. Таҳқиқи онҳо нишон медиҳад, ки  ба ҷуз лайки як нафар, кулли дигар лайкҳо аз як биржаи мубодилаи лайкҳо мебошанд, яъне харида шудаанд.
  • Ҷолиб аст, ки 77 ҳисоби корбарӣ бо ретвитҳои постҳое, ки дар биржа ҷойгир шудаанд, ё бо такрори онҳо пур карда шудаанд. 9 адад аз ин ҳисобҳоро Твиттер бинобар фаъолияти шубҳанок аллакай муваққатан маҳдуд кардааст.
  • Тадқиқоти мавриди зикр ҳамчунин маълум кардааст, ки натанҳо Леонид Слутский, балки нафарони зиёде аз қабили Константин Малофеев, Александ Фелдман ва тарҳҳои зиёди наздик ба мири Маскав Сергей Собянин лайку репосту ретвит мехаранд.

 

 

 

The post Тарғибгарони Кремлин бо нархи 1,5-2 рубл лайк мехаранд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.