Тарафдорони Доналд Трамп ҷаласаи Конгрессро баҳам заданд

Тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо зӯр вориди бинои порлумони Амрико шуданд ва ҷаласаи вакилонро, ки барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ омада буданд, баҳам заданд. Новобаста аз онки дар онҷо хабарнигорони зиёд ва пулиси мусаллаҳ буд, тазоҳургарон хати амниятиро рахна карда ва ба дохил рафтанд.

Дар видеоҳо дида мешавад, ки чӣ гуна тарафдорони Доналд Трамп рӯзи 6-уми январ бо зӯр ба пеш ҳаракат мекунанд, ҳарчанд маъмурони пулис мекӯшанд, вазъро зери назорат дароранд. Дар як аксе аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки маъмурони амниятӣ силоҳҳояшонро берун кашидаанд ва вакилон зери курсиҳо пинҳон шудаанд.

Дар берун аз бинои порлумон, аъзои гуруҳҳои ростгарои ифротӣ ба издиҳом махлут мешаванд. Тазоҳургарон, ки ба тарафдории Трамп шиор медоданд, саддҳои амниятиро чаппа карда ва бо маъмурони пулис даргир шуданд. Ҷаласаи Сенатро якбора қатъ карданд ва пулис вакилонро аз бино берун ва ба ҷойи амн бурданд.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрикоро, ки ҷаласаи Конгрессро раҳбарӣ мекард, маъмурони амниятӣ аз дохили бино зуд берун карданд. Баъди шуруи бетартибӣ Доналд Трамп ба назму тартиб даъват кард. Ӯ дар Твиттер навишт: “Хоҳиш мекунам, пулиси Капитол ва мақомоти интизомиро ҳимоят кунед. Онҳо дар воқеъ тарафдори кишвари мо ҳастанд. Ором бошед.” Ӯ нагуфт, ки тарафдоронаш бинои порлумонро тарк кунанд ва маълум ҳам нест, ки ҳоло дар куҷост.

Кевин Маккарфи, вакили Маҷлиси намояндагон амалкарди издиҳомро танқид кард ва аз раиси ҷумҳур хост, расман баёнияе бидиҳад. Ӯ ба телевизиони Фокс Нюс гуфт: “Ин амалкарди ғайриамрикоӣ аст ва бояд бас карда шавад.” 

Пештар аз ин ҳазорон нафар аз тарафдорони Трамп дар маркази Вашингтон, пойтахти Амрико ҷамъ омада, ба зидди натиҷаҳои интихобот эътироз карданд. Доналд Трамп бо муроҷиат ба тарафдоронаш ва беасос гуфт, ки интихоботро аз ӯ “дуздиданд” ва ӯ ҳеч гоҳ шикастро эътироф намекунад.

Мариел Бовсер, шаҳрдори Вашингтон дар ин шаҳр аз соати 6 рӯзи чаҳоршанбе то соати 6 бомдоди панҷшанбе қуюди шабгардӣ эълон кард.

Вакилони Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ ҷамъ омаданд ва бояд натиҷаҳои интихоботро тасдиқ мекарданд. Тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботии Амрико дар Конгресс як расмиёт аст, вале 12 вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ба тасдиқи оро мухолифат мекунанд. Дар ҷаласаи баҳси зиёде дар бораи интихобот идома дошт ва ҳодиса ба вуқуъ пайваст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.