Тарафдорони Навалний бо телефони ҳамроҳ “эътироз мекунанд”

Тарафдорони Алексей Навалний пешвои зиндонии мухолифони давлати Русия ният доранд, бо рӯшан кардани чароғҳои телефонҳои ҳамроҳ ва шамъу чароғ ҳимояти худро аз ӯ нишон бидиҳанд.

Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ҳар касе ин корро мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Гуруҳи Навалний аз мардуми Русия хостааст, ки соати 8 шаб чароғи телефонҳои худро рӯшан карда ва 15 дақиқа ба самти осмону биноҳо ва ҳавлиҳо нигаҳ доранд.

Баргузоркунандагонаш мегӯянд, ин навъи изҳори ҳимоят дар Рӯзи ошиқон бо шиори “Ишқ қавитар аз тарс аст” посух ба “мавҷи бесобиқаи зӯровариву саркӯби” неруҳои амниятӣ дар ҷараёни эътирозҳои гузаштаи мардум аст. Шеваи нави эътироз ва ҳимоят аз Навалний кори мақомоти интизомӣ барои муқобила бо онро мушкил мекунад, вале ҳукумат мухолифаташ ба ин корро нишон дод.

Мақомоти нозири Русия рӯзи 12-уми феврал ба расонаҳо дастур доданд, ки тамоми гузоришҳо дар бораи тазоҳуроти барномарезишуда ба нишони ҳимоят аз Навалнийро пок кунанд, чун метавонанд, онҳоро барои мусоидат дар баргузории тазоҳурот ба ҷавобгарӣ кашанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.