Таркиш дар як бозори Бағдод боиси ҳалокати 21 нафар шуд

Рузи душанбеи 19-уми июл бар асари таркиш дар яке аз бозорҳои пуриздиҳоми шаҳри Бағдоди Ироқ ба камиаш 21 нафар ҷон бохта, 33 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин таркиш дар шаҳраки Садр, аз маҳаллаҳои сераҳолии шианишини Бағдод дар ҳоле рух дод, ки мардум барои Иди Қурбон дар ҳоли хариди маводи хӯрокворӣ буданд. Ба гузориши хабаргузориҳо, бархе аз фурӯшгоҳҳо ба коми оташ рафтанд ва дар миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Ироқ дар баёнияе гуфтааст, ки ҳанӯз омилони ин ҳодиса маълум карда нашудаанд. Дар моҳи июн гурӯҳи ДОИШ ё “Давлати исломӣ” масъулияти ду таркиш дар як бозори пуриздиҳоми Бағдодро ба ӯҳда гирифта буд. Дар он таркишҳо 32 нафар ҷон бохтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.