Тарси мардуми Русия аз ҳукуматашон бештар аз тарси марг будааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Маркази пурсишҳои иҷтимоии “Левада-сентр” натиҷаҳои пурсиши навбатияш оид ба тарс ва изтироби оммавӣ дар Русияро нашр кардааст, ки хулосаи аслии он афзоиши тарси мардум аз ҳукумат мебошад.

 

  • Натиҷаҳои пурсиш оид ба табиат ва сохтори изтироби оммавӣ дар Русияро “Левада” дар сомонааш ба нашр расондааст.
  • Зимни пурсиш  кормандони ташкилот суол кардаанд, ки “Оё шумо метарсед ва то куҷо …?” ва ба ширкатдорон имкон додаанд, ки “тарс” -и муайянеро интихоб кунанд.  Пурсидашудагон метавонистанд посухҳоро аз “Ман аслан наметарсам” то “Тарси доимӣ дорам” интихоб кунанд.
  • Пурсиш собит сохтааст, ки дар ҷои аввал барои мардуми Русия тарси аз бемории наздикон ва фарзандон будааст.  91 дарсади пурсидашудагон ин нигарониро доштаанд.
    74 фоизи мардум аз беморӣ ё азоби худашон тарс доштаанд.  Ин тарс дар панҷгонаи аввали тарси  русҳо дар ҷои чорум будааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки  тарс аз  марг мақоми 10-умро ишғол мекунад.
  • Аз тадқиқот бармеояд, ки ду тарс аз панҷгонаи аввали тарсҳо хоси ҳама инсонҳо мебошад, аммо сеи дигар бо вазъи сиёсии Русия рабт доранд.
  • 77 фоизи пурсидашудагон аз худсарии мақомот тарси доимӣ (58%) ё даврӣ (19%) доштаанду  52 фоиз доимо (52%)  ва  16% гоҳ гоҳе  аз бозгашти  сиёсати саркубгарии (репрессияи) оммавӣ ба муҳити иҷтимоии кишвар метарсидаанд.  62 фоизи русиягиҳо ҳамеша аз ҷанги ҷаҳонӣ метарсидаанду 14 дар сад ин тарсро гоҳ-гоҳ эҳсос мекардаанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки ин пурсиш аз соли 1993 ба ин суй гузаронида мешавад.

The post Тарси мардуми Русия аз ҳукуматашон бештар аз тарси марг будааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.