Таъсири бештари иттилооти ғалати расонаҳои хориҷии Чину Русия назар ба бархе манбаъҳои хабарии маҳаллӣ

Таҳқиқоти тозае мегӯяд, иттилооти ғалати нашршуда дар бораи коронавирус аз ҷониби расонаҳои давлатии Чин ва Русия дар Фаронса, Испания ва Олмон дар бархе ҳолатҳо назар ба расонаҳои азими маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ин кишварҳо хонандаи бештар доштааст. Пажӯҳишгоҳи интернетии Оксфорд  (OII) дар таҳқиқоти тозааш, ки рӯзи 29 июн нашр шуд, мегӯяд, ки шабакаи байналмилалии хабарии RT гоҳо барои як хабари паҳнкардааш дар бораи коронавирус дар Фаронса  тавассути Твиттер ё Фейсбук ба забони фаронсавӣ назар ба нашрияи пурхонандаи маҳаллии Le Monde панҷ баробар бештар хонанда ёфтааст. Радиои байналмилалии Чин (CTI) назар ба El Pais-и Испания барои нашри хабаре чор баробар бештар хонанда дарёфт кардааст. Таҳқиқот мегӯяд, ки матбуоти давлатии Эрон ё Туркия корбарони шабакаҳои иҷтимоии Фаронса, Олмон ва хонандаҳои испанизабонро ҳадаф қарор медиҳанд. Катарина Ребелло аз OII мегӯяд, бисёри ин расонаҳои давлатӣ ё рӯ ба давлат  “гузоришҳои боэътибор ва бар асоси воқеиятро дар бораи коронавирус бо  хабарҳои иштибоҳӣ махлут карда дар заминаи пандемияи COVID-19 дар зеҳни хонандаҳо номуайянӣ эҷод мекунанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.