Таъсири пандемия ба низоми бонкӣ дар мулоқоти Раиси «Амонатбонк» бо ҳайати ХБА матраҳ шуд

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамеша омода аст, ки бо Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ҳамкориро дар самтҳои мухталиф ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои манфӣ ба иқтисодиёт ва пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ густариш диҳад. Ин нуктаро Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ зимни мулоқоти фосилавӣ бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжи Ханделвал баён дошт.

Тавре аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар мулоқот  мусоҳибон  бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисодӣ дар ҷаҳон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро баҳри пешгирии таъсири манфии пайомадҳо ба фаъолияти ин бонк матраҳ намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсири манфии «COVID-19» ба фаъолияти бонкӣ, вазъи сармоя ва пардохтпазирӣ, дороиҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳкими идоракунии хавфҳо, фаъолияти «Корти Миллӣ» дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳолати қарздиҳӣ ва истифодаи Бюрои қарзӣ  матраҳ гардиданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.