Таъсиси парвандаи ҷиноӣ баъди нашри навори латту кӯби кӯдакон дар Қазоқистон

Мақомоти пулиси вилояти Туркистони Қазоқистон рӯзи 4 октябр хабар доданд, ки дар робита ба нашри навори латту кӯби кӯдакон аз сӯи марде парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки марде бо зарбаи сахт ду кӯдакро латту кӯб мекунад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, модари онҳо ба пулис шикоят карда, аммо пулис чора надидааст. Дар навор гуфта шудааст, марде, ки кӯдаконро латту кӯб мекунад, падари онҳост.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки падари кӯдакон ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.

Баъд аз нашри навор сухангӯи пулиси вилояти Туркистон гуфт, “гунаҳкор ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, нисбати нозири минтақавӣ, ки беамалӣ нишон додааст, чораҷӯӣ хоҳад шуд”.

Мақомоти пулиси Қазоқистон мегӯянд, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз сокинон наздики 130 ҳазор шикоят дарёфт кардаанд, ки ба хушунати хонаводагӣ рабт дорад. Дар асоси ин шикоятҳо 2,5 ҳазор парвандаи ҷиноӣ ва 30 ҳазор парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.