Татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» оғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон», ки  мақсади он беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим мебошад, оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Дар робита ба ин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд созишномаи қарзӣ ба имзо расид. Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат  Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Фонди Саудии Рушд —  раиси Шӯрои директорони Фонди Саудии Рушд Юсуф ибни Иброҳим-ал-Бассом ба имзо расониданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он саҳми Бонки Исломии Рушд– 15,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Саудии Рушд–25,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК–10,0 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–3,5 млн. доллари амрикоӣ мебошад.

Ба андешаи коршиносон, татбиқи лоиҳа сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасӣ ба таъминоти об мегардад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.