Таваллуд кам мешавад, муҳоҷират меафзояд. Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Тоҷикистон дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯйи шумораи таваллуди аҳолӣ дар ҷойи аввал боқӣ мондааст. Вале дар солҳои ахир коҳиши зиёдшавии аҳолӣ ба назар мерасад.  Ҳоло кишвар чӣ бартариҳои демографиеро дорад ва дар оянда ба чи хатарҳое метавонад рӯ ба рӯ шавад? 

Фирӯз чаро аз як фарзанд бештар намехоҳад?

Фирӯз Назарови 32-сола, сокини шаҳри Душанбе аст, ки бештар аз панҷ сол мешавад хонадор шудааст. Писари ягонааш чорсола аст. Барои ҷомеаи суннатии тоҷикон хонаводаи дорои як фарзанд хеле ғайримуқаррарист. Вале сарфи назар аз ин, Фирӯз бино ба мушкилоти молӣ нияти бештар кардани фарзандонашро надорад.

“Як боғчаи хуби хусусӣ дар Душанбе дар як моҳ ҳудуди 2000 сомонӣ мегирад. Мактаби хуби хусусӣ бошад нархи гаронтар дорад. Барои он ки кӯдак хуб зиндагӣ кунаду рушд ёбад пули зиёд ва суботи иқтисодӣ даркор аст”,–мегӯяд Фирӯз.

Тоҷикистон мисли пештара, дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ мақоми пештозиро дар мавриди шумораи таваллуд дорад. Вале дар солҳои ахир рушди аҳолӣ аз 2,5% ба 2% коҳиш ёфтааст.  

Коршиносон мегӯянд, ки бо боло рафтани сатҳи таҳсилот ва рушди шаҳрнишин шудани мардум, зиёд шудани аҳолӣ коҳиш меёбад, ки ин бори вазнини иқтисодро  дар ҳоли ҳозир сабук мекунад. Аммо дар оянда, вақте насли солҳои 70-80 ғайри қобили меҳнат ва бознишаста мешаванд, наметавонад иқтисодро афзоиш диҳад 

Афзоиши бесобиқа ва сарбории демографӣ  

Ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон 1,5 миллион нафарро дар бар мегирифт. Авҷи зиёдшавии аҳолӣ ба солҳои 60-70 рост меояд. Дар соли 1989 шумораи аҳолӣ аллакай ба 5 миллион нафар расида буд. 

Дар ҳоли ҳозир шумораи аҳолии қобили меҳнат ба 34,3%, шумораи то  сину соли қобили меҳнат 34,3% ва онҳое, ки болотар аз сини қобили меҳнат қарор доранд ба 5,7% баробар аст.  

Шохиси сарбории демографӣ барои ҷумҳурӣ 59,55-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар як нафаре, ки дар Тоҷикистон кор мекунад, маҷбур аст, ки миқдори кор ва хидматрасониҳоро бештар аз 1,5 маротиба пешниҳод кунад.  

Иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев мегӯяд, ки мақомот натавонистанд аз бартариҳои деморафӣ оқилона истифода кунанд ва равандро ба ҳоли худ гузоштанд.

“Дар иқтисод мафҳуме аст бо номи “равзанаи демографӣ” – даврае, ки шумораи қувваи корӣ ду баробар зиёдтар аз шахсонест, ки ба онҳо вобаста мебошанд (иждивенец). Дар сурати истифодаи босамар аз ин зарфиятҳои корӣ мақомот метавонист фоидаи ҳангуфти иқтисодӣ ба даст биоварад. Ва барои наслҳои баъдӣ сармоягузорӣ кард, то насли кадрҳои боҳушеро омода мекард, ки тавони нигоҳ доштани бори демографӣ медоштанд ва ба давлат барои иҷро кардани вазифаҳои иҷтимоияш ёрӣ мерасониданд”,–хотирнишон мекунад Назаралиев.

Ба гуфтаи вай, ба ҷойи ин, аҳолии қобили меҳнат ба таври худҷӯш ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва маблағҳое, ки онҳо кор мекунанд барои лоиҳаҳои фоидаовар сармоягузорӣ намешаванд.  

“Бино ба мантиқи кори мақомот, агар дар оянда шумораи нафақахӯрон зиёд шавад ва сарборӣ ба будҷа афзояд, онҳо ба осонӣ пардохтҳои иҷтимоиро кам мекунанд ва бори нигоҳубини шахсони калонсолро ба дӯши фарзандону наздиконашон меандозанд. Мисле, ки ин кор дар Шарқ вуҷуд дорад”,–бар ин аст ҳамсуҳбати мо.  

Дар гузашта коршиносон яке аз далелҳои серфарзандии хонаводаҳоро дар он дониста буданд, ки вақте давлат наметавонад вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро кунад, фарзандон ягона кафили таъмини шароити молиявӣ дар давраи пирӣ мебошанд.  

“Душвориҳо мешавад, аммо зиёд не” 

Ходими илмии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акбар Субҳонов мегӯяд, ҳато агар ин раванд идома ёбад ҳам, камшавии аҳолӣ ночиз аст.

“Дар мо ба ҳисоби миёна ба сари ҳар оила се фарзанд рост меояд. Ба ҷуз ин зиёд шудани теъдоди хонаводаҳо ба назар мерасад, ки мувофиқи маълумоти соли 2018 1 млн. 400 ҳазорро дар бар мегиранд. Аҳолии то 15-солаи мо 30%-анд, ки баъди чанд сол бузург мешаванд. Шумораи аҳолии деҳнишин 75% аст, ин бозгӯкунандаи он аст, ки аҳолӣ ба таври қобили мулоҳиза кам нашуда истодааст”,-мегӯяд Субҳонов. 

Ба гуфтаи ӯ, мақомот ба дунболи истифода аз захираҳои меҳнатӣ ва такшил кардани ҷойҳои коранд, вале бо дар назар гирифтани буҳрони маҷуд дар ҷаҳон ва бад шудани вазъияти Русия ҷалби сармоя даст намедиҳад. 

Дар оғози моҳи март вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар давоми 8 соли ахир дар бахшҳои гуногуни иқтисод 1,6 миллион ҷойи кор ташкил шудааст. Чунин изҳороти вазирро дар доираҳои коршиносӣ бо шубҳа қабул карданд. 

Аз рӯйи омори расмӣ  сатҳи фақр дар ҷумҳурӣ 26,5 % дониста мешавад, вале коршиносон бо ишора ба шумораи миллиони нафароне, ки мехоҳанд кишварро на танҳо барои ёфтани ҷойи кор, балки зиндагии доимӣ тарк кунанд, ин оморро хеле камкарда медонанд. 

Дар соли 2020 зодаҳои Тоҷикистон дар Русия дар миёни онҳое, ки шаҳрвандии ин кишваро дарёфт карданд, мақоми дувумро гирифтанд. Теъдоди онҳо 63,4 ҳазор нафарро дар бар мегирифт, ки пас аз шаҳрвандони собиқи Укроин (409,5 ҳазор нафар) қарор доштанд.

“Идеяи миллиро бояд тағйир дод” 

Михаил Петрушков, коршиноси мустақил аз Душанбе мегӯяд, ки боло бурдани дараҷаи тахассусии қувваҳои кории содиротӣ дар бахши сохтмон метавонад барои ҳалли мушкилоти демография иқтисодӣ мусоидат кунад.  

“Идеяи миллии кишвар бояд омода ва содир кардани қувваи кории баландтахассус бошад. Ғайри қобили қабул аст, ки саноат якбора ба ақиб баргардаду тамоюли иваз кардани одам ба мошин тағйир ёбад.Барои ҳамин бояд ба омода кардани мутахассисони ботаҷриба бигзарем. То онҳо дар вазифаҳои баланд кор кунанду маоши зиёд бигиранд ва дар кишвар бояд ин маблағҳо дар бахшҳои донишбунёд сармоягузорӣ шаванд”,–гуфт ӯ. 

Бино ба ҳисобҳо дар соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 504 ҳазор гузориш шудааст. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.