Таваллуди чоргоникҳо дар Душанбе 

Дар таваллудхонаи рақами сеи шаҳри Душанбе дирӯз чоргоникҳо ба дунё омаданд. Модари навзодҳо Сарвиноз Аскароваи 34-сола, як сокини шаҳри Душанбе аст. Ду писару ду духтар норасид ба дунё омаданд, аз ин рӯ модару кӯдакон бояд муддате дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳдорӣ шаванд. Таваллуди чоргоникҳо дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳарчанд ҳодисаи камназир аст, вале вале дар гузашта рух додааст. Ба яке аз чунин хонаводаҳо ҳукумат хонаи сеҳуҷраӣ тақдим карда буд. Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.