Тазоҳуроти қазоқистониҳо зидди додани замин ба хориҷиҳо

Ҳудуди 500 шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 24-уми апрел дар шаҳри Алмато зидди лоиҳаи қонуне даст ба тазоҳурот заданд, ки ба иҷора додани замин ба муҳлати тулонӣ барои хориҷиҳоро пешбинӣ мекунад. Ин ҳамоиши эътирозӣ бе иҷозати мақомот баргузор шуда, дар он шиорҳо зидди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо доданд.

Тазоҳургарон хостанд, баррасии лоиҳаи қонуни мазкур боз дошта шавад. Эътирозҳои оммавӣ зидди додани замин ба хориҷиҳо соли 2016 низ дар Қазоқистон баргузр шуда буданд. Мақомоти қазоқ он замон маҷбур шуданд, ки ба иҷрои қонуни нав моратория эълом кунанд.

Ба иттилои “Медиазона”, пеш аз баргузор шудани тазоҳуроти Алмато чандин кас дастгир шуданд.

Дар маҳалли тазоҳурот теъдоди зиёди кормандони пулис ҳузур доштанд. Эътирозгарон вақте хостанд, роҳпаймоӣ ташкил кунанд, неруҳои махсус пеши роҳи онҳоро бастанд ва алоқаи мобилӣ қатъ шуд. Иштирокдорон гуфтанд, моҳи майи имсол низ тазоҳуротеро ташкил мекунанд ва агар суханҳояшон шунида нашавад, гуруснанишинӣ эълом менамоянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.