Теҳрон дар бораи Натанз: “Исроилиҳо қимори баде карданд”

Теҳрон гуфт,  харобкории эҳтимолӣ дар таъсисоти ҳастаии Натанз, ки ба қавли Эрон кори дасти Исроил мебошад, “қимори баде аст”, ки дасти Теҳронро дар музокираҳои бозгашт ба қарордоди соли 2015-и ҳастаӣ қавитар мекунад. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки таркиши 11-уми апрел боиси аз кор мондани  барқи Натанз шуд ва ба сентрифугаҳои насли  аввали он осеб расонид. Эрон гуфт, ки посухи ин амалро хоҳад дод. Дар ҳоле, ки ҳеҷ ҷонибе дар бораи анҷоми ин ҳамла иддаое накардааст, бисёриҳо бовар доранд, ки ин кори Исроил  аст. Ҳодиса як рӯз баъди ба кор андохта шудани дастгоҳи нави ғанисозии ураниум дар ин корхона рух дод. Инчунин ин ҳодиса дар пасманзари музокироти дипломатӣ барои барқарор кардани созишномаи ҳастаии қудратҳо бо Эрон рух додааст. Соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп аз ин созиш хориҷ шуд ва ҳоло маъмурияти президент Ҷо Байден  мехоҳад аз роҳи музокира шарту шурути бозгашт ба созишро баррасӣ кунад.

Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф рӯзи 13 апрел дар як нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Теҳрон гуфт:

“Исроилиҳо агар фикр карданд Эронро аз пайгирии рафъи таҳримҳо аз мардуми Эрон метавонанд бозбидоранд, қимори бисёр баде кардаанд”.

Ҳафтаи гузашта давоми чор рӯз дар шаҳри Вена  Эрон ва намояндагони қудратҳои ҷаҳонӣ зери сарпарастии Иттиҳоди Аврупо музокироти атрофи имкони бозгашти ИМА ва Теҳрон ба созишномаи ҳастаии соли 2015-ро барпо карда барои идомаи муколамаҳо ба мувофиқа расиданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.