Теъдоди қурбониёни ҳамлаи даҳшатафканӣ дар Вен ба чор нафар расид

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Шаби гузашта дар пойтахти Утриш шаҳри Вена бар асари як ҳамлаи даҳшатафканӣ чор нафар кушта ва даҳҳо нафар захм бардоштанд.
  • Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Утриш Карл Неҳаммер зимни як нишасти изтирории  матбуъотӣ хабар дод.
  • Гуфта мешавад, ки ин ҳамла дар шаҳри Вен,  2 нобяр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ, дар арафаи ҷорӣ гардидани карантин бар асари бемории КОВИД-19 сурат гирифт.
  • Якчанд нафар ҷинояткори  бо силоҳи оташфишони дароз ва сард мусаллаҳ  ба сӯи мардуми тарабхона бетартибона оташ кушоданд, ки бар асари он аввал як нафар пешхидмат, баъдтар ду мард дар беморхона ҷони худро аз даст доданд ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар чор мавзеъи дигари маркази шаҳр тирпаронӣ сурат гирифтааст.
  • Ба пулис муяссар шуд, ки яке аз ҳамлаваронро аз байн барад. Ҷинояткорони дигар  аз ҷойи ҳодиса фирор карданд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

  • Пас аз тафтиши манзили яке аз ҳамлаварон муайян гардид, ки ӯ ба гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” таваҷҷӯҳ доштааст. Субҳи имрӯз SITE Intelligence Group  як созмони амрикоӣ, ки ба дидабонии даҳшатафканӣ дар ҷаҳон машғул аст, иттилоъ дод, ки ин амалро ДОЪИШ  ба унвони “қасдгирӣ аз Утриш барои дастгирияш аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар эътилофи зиддитерористӣ” ба ӯҳда гирифт. Имкони тасдиқ ё радд кардани ин иттилоъ вуҷуд надорад.
  • Ҳамлаи даҳшатафкани Венро  раҳбарони бисёре аз кишварҳои олам маҳкум карданд.

The post Теъдоди қурбониёни ҳамлаи даҳшатафканӣ дар Вен ба чор нафар расид appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.