Теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расид

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин заминларза рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар ҷанубу шарқи кишвар  рух дод. Он ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, аммо зарари он хеле калон аст. Чандин русто ба таври комил вайрон шуда, одамон то ҳол зери харобаҳо мондаанд.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.