Теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Қазоқистон дар як ҳафтаи охир 40 дарсад афзудааст

Дар Қазоқистон гирифторӣ ба вабои коронавирус дар як ҳафтаи охир 39 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой рӯзи сешанбеи 29 июн хабар дод.

“Бештари гириторони нав дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато сабт шудаанд”, – гуфт вазир.

Алмато, Нурсултон, Атирау ва вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ, Қарағанда ва дар маҷмуъ Қазоқистон шомили “минтақаи сурх” аст.

“Дар робита ба бадшавии вазъи беҳдоштӣ дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато маҳдудияҳо нав, аз ҷумла дар маконҳои ҷамъшавии одамон ҷорӣ шудааст”, – гуфт вазири тандурустии Қазоқистон.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.